We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.
40 ғазал ва 40 рубоӣ (Лоиқ Шералӣ) 圖標

1.0 by some simpe


2018年05月22日

40 ғазал ва 40 рубоӣ (Лоиқ Шералӣ) 螢幕截圖

關於40 ғазал ва 40 рубоӣ (Лоиқ Шералӣ)

40 VA 40ғazalruboӣ(LoiқSheralӣ)

Устоди нотакрори сухан, муваффақтарин шоири қарни ХХ-и тоҷик Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент дар оилаи деҳқони шикастабанд таваллуд ёфтааст. Баъд аз итмоми омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент соли 1961 Донишкадаи омӯзгории пойтахтро хатм намуд. Солҳои 1963-1965 муҳаррири шуъбаи мусиқӣ, адабӣ ва драмавии Кумитаи садо ва симои ҷумҳурӣ, солҳои 1965-1966 ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», солҳои 1967- 1975 мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои 1975-1978 мушовири адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз соли 1979 котиби правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», аз соли 1991 раиси Бунёди забони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Сари сабз» соли 1966 ба нашр расидааст. Баъдан китобҳои «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Ташнадил» (1974) ба нашр расидаанд. Китоби «Соҳилҳо» (1972) силсилаи рубоиёти «Ҷоми Хайём» ва дигар шеърҳоро шомил аст. Лоиқ дар ситоиши модар як силсила шеърҳо эҷод намудааст, ки бо номи «Модарнома» машҳуранд. IIIоир онҳоро дар китоби алоҳидааш «Дасти дуои модар» ба нашр расонидааст.

Куллиёти осори устод Лоиқ бо эҳтимом ва сарпарастии Раиси вилояти Суғд Қ.РҚосимов ба муносибати 60-солагии шоир соли 2001 нашр гардид. Соли 2008 «Куллиёт»-и Лоиқ иборат аз ду ҷилд аз тариқи нашриёти «Адиб» аз чоп баромад, ки он шеърҳои нашрнашудаи устодро низ фаро гирифтааст.

Лоиқ Шералӣ 30 июни соли 2000 аз ҷаҳон чашм пӯшид.

Чунонат ёд меорам, ки раҳгумкарда манзилро, Чунонат дӯст медорам, ки дарёбурда соҳилро. Чунонат рағбате дорам, ки хушкистон ба бороне, Чунонат рӯзу шаб ҷӯям, ки Сино ҳалли мушкилро. Чунон роҳи ту мепоям, ки роҳи бахт мепоянд, Чунон хайри ту мехоҳам, ки деҳқон кишту ҳосилро. Чунон васли ту мехоҳам, ки пире павҷавониро, Чунонат орзумандам, ки ҳар кас бахти комилро.

Чи талхиҳо чашидам ман зи ҷоми рӯзгори хеш, Бубинам то ба коми дил туи шириншамоилро. Диламро бесадо бурдӣ, намедонам куҷо бурдӣ,

Туро пайдо кунам, эй кош, то пайдо куиам дилро!

最新版本1.0更新日誌

Last updated on 2018年05月22日

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

翻譯中...

更多應用信息

最新版本

請求 40 ғазал ва 40 рубоӣ (Лоиқ Шералӣ) 更新 1.0

系統要求

4.0 and up

更多
訂閱APKPure
第一時間獲取熱門安卓遊戲應用的首發體驗,最新資訊和玩法教程。
不,謝謝
訂閱
訂閱成功!
您已訂閱APKPure。
訂閱APKPure
第一時間獲取熱門安卓遊戲應用的首發體驗,最新資訊和玩法教程。
不,謝謝
訂閱
成功!
您已訂閱我們的郵件通知。