Use APKPure App
Get Омузиши Намоз ва Тахорат (Намоз калиди чаннат) old version APK for Android
KITOB Omӯzishi Namozov va Taҳorat (Namozov Halid ҷannat)
https://vk.com/kitobhona
https://ok.ru/group/53630571643013
Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон
Ба номи Худои Бузург ибтидо мекунам, ки Меҳрубони ҳама дар ин Дунё ва танҳо Меҳрубонтарин меҳрубони мӯъминон дар Рӯзи Ҷазост.
САВОЛҲОИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ИМОН ВА ҶАВОБҲОИ ОН
Рабби ту кист? Аллоҳ
Туро кӣ халқ кард? Аллоҳ
Бандаи кистӣ? Бандаи Аллоҳ (Худо).
Мо аз куҷо омадаем ва ба ба куҷо бозмегардем? Мо аз они Худоем ва бозгашти мо ба сӯи Вай аст.
Барои чӣ коре моро офаридаанд? Барои тоату ибодат кардани Аллоҳ.
Тоату ибодати Аллоҳ чӣ маъно дорад? Маънояш чунин аст: Аллоҳро парастидан, роҳи пайғамбарро, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, пайравӣ кардан, дар тӯли ҳаёти заминӣ андар Ислом -дини ягонаи Аллоҳ будан.
Аз кадом вақт ту мусулмонӣ? Алҳамду ли-л-Лоҳ (ситоиш Худойро) аз замони « Қолу, бало ».
Замони « Қолу, бало » чӣ маъно дорад? Пеш аз офаридани Замин Аллоҳ Таъоло рӯҳи ҳамаи одамон (-и гузашта, имрӯза ва оянда)-ро офарид, онҳоро дар назди Худ ҷамъ кард ва аз онҳо пурсид:
- А ласту би Раббикум? (Оё Парвардигори шумо нестам?)
- « Оре, Ту Парвардигори мо ҳастӣ! » - гуфтанд рӯҳҳо. - « Ва мо Туро ибодат мекунем ва аз Ту ёрӣ металабем ». Ин аст замони « Қолу, бало ».
Чӣ гуна аст сифати Аллоҳ? Аллоҳ Ягона аст.
Дини ту чист? Дини ман Ислом аст.
Китоби ту кадом аст? Қуръони Карим.
Қиблаи ту кадом аст? Каъбаи Муаззама.
Ту аз зуррияти кистӣ? Одам-пайғамбар, алайҳи-с-салом.
Уммати кӣ ҳастӣ? Муҳаммади пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам.
Номи падари Пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва сал- лам, чӣ буд? Абдуллоҳ.
Номи модараш чӣ буд? Омина.
Номи разиааш чӣ буд? Ҳалима.
Номи бобояш чӣ буд? Абдулмутталиб.
Номи амакаш чӣ буд? Абӯтолиб.
Пайғамбари мо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, дар куҷо таваллуд шудааст? Дар Маккаи Мукаррама.
Ӯ кай таваллуд шудааст? 20 апрели соли 571.
Волидайни пайғамбари мо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, кай бимурданд? Падари Пайғамбар ду моҳ пеш аз таваллуд шудани ӯ бимурд. Модараш, вақте ки ӯ шашсола буд, бимурд.
Дар кадом синну сол ӯро пайғамбарӣ доданд? Дар чиҳилсолагӣ, ӯ рисолати худро дар муддати 23 сол ба анҷом расонид.
Пайғамбари мо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, дар кадом синну сол аз ин дунё даргузашт? Дар шасту сесолагӣ.
Қабри пайғамбари мо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, дар куҷо воҳеъ аст? Дар Мадинаи Мунаввара.
Пайғамбари мо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, чанд фарзанд дошт? Ҳафт нафар.
Духтарон: Зайнаб, Руқайя, Умму Гулсум ва Фотима.
Писарон: Қосим, Абдуллоҳ, Иброҳим. Ҳамаи фарзандони пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ба ғайр аз Фотима, разия-л-Лоҳу анҳо, ҳангоми зинда будани ӯ бимурданд.
Занони пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, барои мо кӣ ҳастанд? Занони пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, модари ҳамаи мусулмононанд.
Зани нахустини пайғамбари мо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, кӣ асту зани охиринаш кӣ? Зани нахустинаш
- Хадиҷаи некӯкор, разия-л-Лоҳу анҳо ва зани охиринаш
- Оишаи некӯкор, разия-л-Лоҳу анҳо.
Пайғамбари мо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, чанд набера доштанд? Ду набераи писар - Ҳасан, разия-л-Лоҳу анҳу ва Ҳусайн, разия-л-Лоҳу анҳу; ва ду набераи духтар
- Зайнаб, разия-л-Лоҳу анҳо ва Сукайна, разия-л-Лоҳу анҳо.
Онҳо фарзандони кистанд? Алӣ, разия-л-Лоҳу анҳу ва Фотима, разия-л-Лоҳу анҳо.
Last updated on Apr 4, 2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Yükleyen
Kinjaz Wong
Gereken Android sürümü
Android 4.0+
Bildir
Омузиши Намоз ва Тахорат (Намоз калиди чаннат)
36.9 by Китобхои Исломи
Apr 4, 2018