Используйте приложение APKPure
Историческую версию Roller: Омузиши забони англиси можно получить на Android
Грамматика, лугат, муховора ва топикхои забони англиси ба забони точики
«Худомузи забони англиси» барои мутахассисони сохаи мушаххас пешбини нашудааст. Он чанбаи умумии омузиши дошта, метавонад мавриди истифодаи хонандагони синфхои болоии мактабхои миёнаву литсейхо, донишчуёни мактабхои оли ва коргарони касбу пешаи гуногун карор гирад. Инчунин ёдовар мешавем, ки ин барнома хамчун «худомуз» аввалин бор ба хонандаи точик забон ба забони модариаш пешкаш мешавад. Бинобар хамин аз хонандагони арчманд эхтиромона хохиш мекунем, ки агар норасоие дар барнома мушохида намоянд, аз рохнамои ба мо дарег надоранд, то ки дар версияхои минбаъда ислох гардад.
Пеш аз хама хотирнишон месозем, ки шумо бо «худомуз» сарукор хохед дошт ва хангоми истифодаи он шуморо кабл аз хама дарки он масъулият зарур аст, ки шумо забонро мустакилона, бе ёрии омузгор меомузед. Аз ин сабаб, дар ин амр аз шумо саъю кушиш, диккату заковати чидди талаб карда мешавад.
Худомуз аз 20 дарс мураттаб гаштааст. Шаш дарси аввали он ба масъалахои фонетики бахшида шудаанд ва дар он дарсхо шумо бо аломатхои транскрипсияи фонетики, бо коидахои хондани хар як харфи алифбои забони англиси дар холатхои гуногун шиносои пайдо мекунед. Дар дарсхои фонетики дар баробари коидахои хондани харфхо инчунин холатхои истиснои, яъне холатхои риоя нашудани ин ё он коидахои хониш дода мешаванд. Омузиши чиддии шаш дарси аввали барнома ба шумо имкон медихад, ки дар хондану навиштан ва талаффузи дурусти калимахои забони англиси дониши амик пайдо кунед. Зимни шархи коидахои хондани харфхо оид ба хар як коидаи хондан калимахои зиёде мисол оварда мешаванд. Дар охири дарсхои мазкур машкхои фонетики дода мешаванд, ки ичрои онхо маълумоти шуморо оид ба хар як аз он дарсхо мустахкам хохад кард.
Хотиррасон месозем, ки дар дарси аввал мо тамоми овозхои транскрипсияи фонетикиро шарх додаем ва он ба шумо имкон медихад, ки зимни кор бо бхои гуногуни дарси ва лугатхо мушкилоти худро осон созед. Лекин барои осонии кори шумо дар ин барнома хангоми шархи калимахо дар дарсхои фонетики мо аз харфхои алифбои точики истифода кардем ва лозим мешуморем, ки баъзе нуктахоро ин чо шарх дихем. Таркиби харфхои «th» овозхои «з» ва «с» медихад ва онро на монанди «с» ва «з» -и точики бояд талаффуз намуд. Зимни талаффузи он овозхо нуги забон бояд дар байни дандонхои болою поён кapop гирад. Нуктаи дигар он аст, ки пас аз овозхои садонок дар баъзе мавридхо аломати ду нукта «:» истифода шудааст ва аз он далолат мекунад, ки овози пеш аз ду нукта карор доштаро бояд дароз талаффуз кунед.
Аз дарси хафтум шуруъ намуда дарсхо ба масъалахои грамматики бахшида мешаванд ва дар он дарсхо шумо бо намудхои гуногуни ибораву чумлахои забони англиси, бо истифодаи хиссахои гуногуни нутк ошнои пайдо мекунед. Дар дарсхои мазкур чумлахои тасдики, инкори ва саволи бо овардани мисолхои гуногун шарх дода мешаванд. Дар он дарсхо дар баробари шархи мавзую масъалахои гуногуни грамматики боз матнхо, сухбатхо, супоришхои грамматики оварда мешаванд. Сараввал ин ё он мавзуи грамматики шарх меёбад, пас дар матн ва сухбатхо он мавзуъ мустахкам карда мешавад. Супоришхои хар як дарс асосан хамон мавзуи грамматикиеро дар худ тачассум менамоянд, ки махз дар хамон дарс матрах гардидааст. Дар охири дарсхои грамматики калимаву иборахои нав бо тарчумаашон дода мешаванд.
Дар барнома зиёда аз 1600 калимаву иборахои забони англиси кор фармуда шудаанд. Зимни кор бо худомуз аз шумо талаб карда мешавад, ки хар як масъалаи грамматикии дар дарсхо шархёфтаро ба таври чидди омузед, матнхо ва маводи фасли «Do уои know»-po дахони тарчума кунед, бо сухбатхо машк кунед, супоришхоро хатти ичро кунед ва хамаи калимаву иборахои нави хар як дарсро аз ёд кунед.
Загрузил
ပုလင္း ေပါင္
Требуемая версия Android
Android 5.0+
Категория
39.7 MB 21/08/2024
39.7 MB 21/08/2024
19.7 MB 17/05/2024
19.7 MB 17/05/2024
10.6 MB 03/10/2021
10.6 MB 03/10/2021
Используйте приложение APKPure
Историческую версию Roller: Омузиши забони англиси можно получить на Android
Используйте приложение APKPure
Историческую версию Roller: Омузиши забони англиси можно получить на Android