ما از کوکی ها و فناوری های دیگر در این وبسایت برای بهبود تجربه کاربری شما استفاده می کنیم.
با کلیک بر روی هر پیوند در این صفحه شما دستور خود را برای سیاست حفظ حریم خصوصیاینجاو سیاست فایلمی دهید.
باشه موافقم بیشتر بدانید

Экология (синфи 9) اسکرین شات ها

درباره‌ی Экология (синфи 9)

Ecology (Xingfu 9)

Солҳои пеш Шумо фанҳои табиатшиносӣ, ботаника,

зоология, географияро омӯхтаед, ки онҳо оид ба

масъалаҳои гуногуни олами зинда ва паҳншавии онҳо баҳс

мекунанд. Ботаника дар бораи рустаниҳо, зоология оид ба

ҳайвонҳо ва география бошад, дар бораи ҷойгиршавии онҳо

дар минтақаҳои гуногуни Замин маълумот медиҳанд. Экология

илмест, ки муносибатҳои организмҳои зиндаро байни

худ ва бо муҳити зист, инчунин муносибати одамонро ба

табиат муайян мекунад. Экология қисми таркибии фанҳои

табиатшиносӣ буда, бо онҳо алоқаи зич дорад. Донише, ки

аз омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, яъне ботаника, зоология

ва география гирифтаед, ҳангоми аз худ кардани фанни

«Экология» ба Шумо ёрии амалӣ хоҳад расонд.

Одам бо табиат зинда аст, зеро табиат манбаи ҳаёт

дар кураи Замин мебошад. Илова бар ин, табиат сарчашмаи

асосии қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва маънавӣ

ба ҳисоб меравад.

Ачдоди мо ҳамбастагии омилҳои табиӣ-обу ҳаво, набототу

ҳайвонот, олами моддӣ ва маънавиро аз масоили

экологии куҳан медонистанд. Ин чунин маъно дорад,

ки инсоният дар марҳилаҳои фаъолияти ҳамешагиаш бо

масъалаҳои экологӣ алоқаманд будааст. Азбаски одам шакли

олии таҷассуми табиат аст ва бидуни он фаъолият карда

наметавонад, бинобар ин, масъалаҳои экологӣ яке аз

кисмҳои ҷудонашавандаи ҳаёти ӯ ба шумор мераванд.

Солҳои охир дар натиҷаи муносибати нодурусти одамон

ба табиат намудҳои зиёди ҳайвоноту наботот рӯ ба

нестӣ овардаанд. Дар сайёраамон тайи даҳсолаҳои охир

баландшавии ҳарорат, обхезиҳо, гирдбодҳои даҳшатовар

ва дигар офатҳои табиӣ бештар ба назар мерасанд, ки сабаби

асосии ин ҳодисаҳои мудҳиш муносибати нодурусти

одамон ба табиат мебошад ва он марбут ба надонистани

қонунҳои экологӣ аст. Ҳоло буҳрони экологӣ на танҳо ба

ноҳия ё минтақаи алоҳида, балки ба тамоми кураи Замин

тахдид карда истодааст. Фаромӯ

дилии муҳити зист на танҳо гарави муътадилии фаьолияти

олами зинда (рустаниҳо, ҳайвонҳо, микроорганизмҳо), балки

муътадилии муҳити зисти одамон ва фаъолияти онҳо низ

мебошад. Дар ин ҳолат, экология чун заминаи илмй дар истифодаи

оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи онҳо аҳамияти

зиёд дорад. Аз ин рӯ, Шумо хонандагони азиз, бо рафтору

кирдори нек ва дониши баланду мукаммали экологии худ

метавонед, дар ҳалли масъалаҳои асосии экологӣ, ҳифзи табиат,

истйфодаи оқилонаи захираҳои он саҳмгузор бошед

ва мавқеи инсонро дар муносибат бо муҳити зисти солиму

маърифати экологӣ таъмин намуда, мувозинаи экологии табиатро

беҳтар кунед.

Маърифати экологӣ дар худ ҷанбаҳои илмӣ, санъат,

маданият, ахлоқи ҳамида, иқтисодиёт, сиёсат ва маънавиётро

таҷассум менамояд. Дар ин ҷода ҳуҷҷатҳои муҳимми байналмилалии

зиёде қабул шудаанд. Зери мафҳуми маданият

ё маърифати экологӣ маҷмӯи арзишҳои моддию маънавиеро

мефаҳмем, ки инсоният тӯли мавҷудияташ андӯхтааст,

яъне манзарашиносӣ, меъморӣ, забон, хат, маросимҳо ва

ғайра ҳама муносибат бо олами зинда мебошад. Маърифати

экологӣ маҳсули дастҷамъонаи одамон аст, ки ҳар соҳаи

илм маданияту маърифати худро ташкил додааст. Ин аст, ки

дар байни оммаи одамон истилоҳҳои рафтори бомаърифат,

фарди бомаърифат, маърифати иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, маърифати

богпарварӣ, галлакорӣ, савдо ва гайра хеле паҳн гаштаанд.

Вақте ки дар натиҷаи фаъолияти ғайриоқилонаи кишоварзӣ

заминҳо ба фарсоиш (эрозия) дучор мешаванд, дар он сурат

масъалаҳои экологӣ тезутунд мегарданд. Инкишофи саноат,

инқилоби илмй-техникӣ, истифодаи бенақшаи ҷангал,

бунёди корхонаҳои боҳашамат, истгоҳҳои барқии ҳастаӣ,

истифодаи сӯзишвориҳои гуногун, биёбоншавӣ ва ғайра

боиси он шудаанд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз масъалаи

зинда мондан ва ҳифзи одамон ҳамчун намуди биологӣ аз

масъалаҳои доғи рӯз гардидааст.

Унсурҳои ҳаёт - об, ҳаво ва оташро муқаддас бояд донист.

Об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт аст. Обу рӯшноӣ ва Замин

модари ҳаёт буда, моро тарбия ва табобат мекунанд.

Аз назари илмӣ маърифати экологӣ ин тарзи махсуси

амалии аз худ намудани қонунҳои инкишоф ва истифодаи

оқилонаи сарватҳои табиат ва муътадил нигоҳ доштани

муҳити зист мебошад.

جدیدترین چیست در نسخه‌ی 1.0

Last updated on 09/07/2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

بارگذاری ترجمه...

اطلاعات تکمیلی برنامه

آخرین نسخه

وارد شوید undefined در undefined 1.0

نیاز به اندروید

4.0 and up

نمایش بیشتر
اشتراک در APKPure
اولین کسی باشید که به نسخه اولیه، اخبار و راهنمای بهترین بازی ها و برنامه های اندروید دسترسی پیدا می کند.
نه، متشکرم
ثبت نام
با موفقیت مشترک شد!
اکنون به APKPure مشترک شده اید.
اشتراک در APKPure
اولین کسی باشید که به نسخه اولیه، اخبار و راهنمای بهترین بازی ها و برنامه های اندروید دسترسی پیدا می کند.
نه، متشکرم
ثبت نام
موفقیت!
شما الان عضو خبرنامه‌ی ما شدید.