We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.

Таърихи умуми (синфи 10) Capturas de tela

Sobre este Таърихи умуми (синфи 10)

Tarihi Umum (Xingfu 10)

Ҷанги Дувуми Ҷаҳон ба охир расид. Дар шикастдодани фашизм

ва ҷангҷӯён халқу миллатҳои тараққихоҳи дунё, бахусус Иттиҳоди

Шӯравӣ, саҳми бузург гузоштанд. Халқҳои ҷаҳон умед доштанд, ки

онҳо ба зиндагии осоиштаву сулҳомез хоҳанд расид. Аммо инсоният

бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ гардид. Меҳвари онҳоро мухолифатҳои

сиёсию идеологии байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи

Амрико ташкил медоданд, ки баъд аз ҷанг ба кишварҳои

абарқудрати ҷаҳон табдил ёфта, амалан сиёсати ҷаҳониро муайян

мекарданд.

Пайдоиши ҷаҳони дуқутба, ташкили паймонҳои низомию

сиёсии ба ҳам муқобил, тақсими ҷаҳон ва кишварҳои алоҳида ба

доираи нуфузи абарқудратҳо мусобиқаи таслиҳотӣ, ихтирои

навъҳои нави силоҳи қатли ом ва ғайра натиҷаи ҳамин падидаҳо

буданд.

Нимаи дувуми асри XX ва ибтидои асри XXI марҳалаи инқилоби

илмию техникӣ буд. Кашфиётҳои бузурги илмию техникӣ ба

тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонӣ таъсири бузург расониданд. Воситаҳои

алоқаи байни одамон, халқҳо ва давлатҳо ба дараҷаи сифатан

нави тараққиёти худ расид. Ин ба рушду тараққиёти воситаҳои

нақлиёт, махсусан нақлиёти ҳавоӣ, ба вуҷуд омадани шабакаи

электронии ахбори умум (радио, телевизион), телефоникунонии

оммавӣ, пайдоиши шабакаи ҷаҳонии компютерӣ (Интернет) ва

ғайра вобаста буд.

Ин марҳала давраи пурзӯршавии раванди ҷаҳонӣ шудан (глобализатсия)

буд. Ду омили муҳим -таъсиси Созмони Милали Муттаҳид

(СММ) ва аз байн рафтани низоми мустамликадорӣ ба ин раванд

мусоидат карданд. Тараққиёти асри XX дар қатори дастовардҳои

бузурги илмиву техникӣ, ки ба нафъи инсон буданд, ҳамзамон

зуҳуроти манфӣ ба бор овард. Масъалаҳои ифлосшавии муҳити зист,

афзоиши «нуқтаҳои доғ» дар минтақаҳои гуногун, ки дар натиҷаи он

муносибатҳои миллӣ ва иҷтимоӣ тезутунд гардиданд, то имрӯз ба

ҳаёти инсон таҳдид мекунанд.

Китобе, ки ҳоло дар даст доред, аз китобҳои пешина фарқ

мекунад. Сохтори китоб хонандаро аз азёд кардани матн бозмедорад.

Ҳар як ҳуҷҷат, расм ё дигар маводи иловагӣ савол ва супориш

дорад. Ин амал барои боло бурдани сатҳи фикрронии мустақилонаи

хонандагон равона гаштааст. Дар ибтидои ҳар як мавзӯъ

саволҳо гузошта шудаанд, ки таваҷҷуҳи хонандаро ба масъалаҳои

асосии мавзӯъ ҷалб мекунанд. Шарҳи мафҳум ва истилоҳот дар

матн бо ҳарфҳои сиёҳи ғафстар ҷудо карда шудаанд.

Донишҳои таърихӣ бояд роҳу равиши ҳалли мушкилоти асри

ХХ1-ро нишон диҳанд, ё ақаллан, асоси дарки онҳоро фароҳам

оранд.

Novidades da Última Versão 1.0

Last updated on Jul 5, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Traduzindo...

Informações Adicionais do Aplicativo

Última versão

Pedido Таърихи умуми (синфи 10) Atualização 1.0

Requer Android

4.0 and up

Mostrar mais
Inscrever-se no APKPure
Seja o primeiro a ter acesso ao lançamento antecipado, notícias e guias dos melhores jogos e aplicativos para Android.
Não, obrigado
Inscrever-se
Inscreva-se com sucesso!
Agora você está inscrito no APKPure.
Inscrever-se no APKPure
Seja o primeiro a ter acesso ao lançamento antecipado, notícias e guias dos melhores jogos e aplicativos para Android.
Não, obrigado
Inscrever-se
Sucesso!
Agora você está inscrito em nossa newsletter.