ہم آپ کے صارف کے تجربے کو بہتر بنانے کے لیے اس ویب سائٹ پر کوکیز اور دیگر ٹیکنالوجیز کا استعمال کرتے ہیں۔
اس صفحے پر کسی بھی لنک پر کلک کرکے آپ ہماری رازداری کی پالیسی اور کوکیز پالیسی پر متفق ہو رہے ہیں۔
ٹھیک ہے میں متفق ہوں مزید جانیں

Ботаника (синфи 5) اسکرین شاٹس

About Ботаника (синфи 5)

Botany (Xingfu 5)

Шумо дар синфи 5 аз ин китоби дарсӣ таълим мегиред,

тавассути мундариҷаи китоб шумо бо номгӯи фаслу бобҳои

алоҳида шинос гардида, мавзӯъҳои лозимаро бо осонӣ

дарёфта метавонед.

Дар охири ҳар як мавзӯъ бо мақсади санҷиши дараҷаи

фаҳмишу дониши хонандагон саволҳои ба мавзӯъ дахлдор

дода шудаанд. Пеш аз саволҳо аломати?} гузошта шудааст.

Рақами расмҳо дар матни мавзӯъ ва дар зеррақами расмҳо

бо аломати ишора карда шудааст. Расмҳо интихобан

оварда шудаанд ва онҳо барои осонтар аз худ кардани

мавзӯъҳо ба шумо кӯмак мерасонанд.

Дар пушти муқоваи аввал ва охири китоб расми растаниҳои

доругӣ ва нодир, ки ба "Китоби Сурхи Тоҷикистон" дохил

шудаанд, гирд оварда шудааст.

Пас аз итмоми фаслу бобҳои китоб равиши гузарондани

таҷрибаҳои лабораторӣ дода шудааст, ки аз рӯи онҳо муаллим

бо шумоён дарсҳои лабораторӣ мегузаронад. Ин машғулиятҳои

амалӣ ба шумо имкон медиҳанд, ки ба таври аёнӣ ба

гуногунхелӣ ва ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳаётии растаниҳо

аз наздик шинос шуда, дар омӯзишу ҳифзи онҳо малакаю

маҳорати зарурӣ ҳосил намоед.

Аз шумоён бисёр хоҳиш мекунем, ки китобро тоза нигоҳ

доред ва бо он эҳтиёткорона муносибат кунед, Чунки дар оянда

аз ин китоб хоҳарон ва бародарони хурдсоли шумо метавонанд

истифода баранд.

Бо ҳисси миннатдорӣ таъкид мекунем, ки ба ҷуз адабиётҳои

дахлдори дар барномаи таълимӣ нишондодашуда, иннунин

баъзе расмҳо ва маводҳо аз китоби дарсии "Биология: растанӣ,

бактерия, занбӯруғ, гулсанг", М., 1992 (нашри 23-юми русӣ,

барои синфҳои 6-7), муаллифаш В.А, Корчагина, китоби

номбурда, тарҷума аз нашри 20-уми русӣ, Душанбе, "Маориф",

1992, мутарҷим М. Ҳоҷиматов ва "Биология: бактерия,

занбӯруғ, растанӣ". М., 1995 (барои синфи 6), муаллифаш В.В.

4__________________________________ ЕОТАНИКА »

Пасечник мавриди истифода қарор доштанд.

Дар номгузорӣ ва номгӯи аксари растаних.о бо забони тоҷикӣ

онҳо дар маҳалҳои гуногуни ватанамон ҳар хел муаррифӣ

(номгузорӣ) карда мешаванд. Лек боиси ҳурсандист, ки аз

ҷониби муаллифон И.Тӯрақулов, С.Юнусов, А.Ғаниев

"Феҳристи ботаникии растаниҳои Тоҷикистон", ки соли 2010 ба

дасти чоп расидааст ва дар он номи ҳар як растанӣ бо забони

лотинӣ, русӣ ва тоҷикӣ дода шудааст. Ва ин "Феҳрист" ба он

водор мекунад, ки дар тамоми гӯшаву канорҳои Тоҷикистон

(яъне муассисаҳои таълимӣ-илмӣ ва забони гуфтугӯи мардум

растаниҳо бояд тибқи ин номгузориҳо шинохта шаванд. Азбаски

ин китоби мазкур ба аксари мардум дастрас нест, мо лозим

донистем, ки номи он растаниҳои, ки дар мавзӯъҳои дахлдори

ин китоби ботаника (барои синфи 5-ум) вомехӯранд, дар

охирварақҳои ин китоб бо забони тоҷикӣ ва русӣ онҳоро гирд

оварда, ба хонандагони азиз пешниҳод кунем, то ки муаллимон

ва хонандагон ҳангоми номгӯӣ кардани ин растаниҳо ба хатогӣ

ё иштибоҳ роҳ надиҳанд.

Ҳакгоми омӯхтани фанни табиатшиносӣ ба шумоён маълум

шуд, ки табиати зинда аз олами наботот ва ҳайвонот иборат аст.

Илм ё фаннеро, ки бо табиати зинда сарукор дорад ва онро

ҳаматарафа меомӯзад биология ё ҳаётшиносӣ меноманд.

Биология аз ду калимаи юнонӣ: "биос" - ҳаёт ва "логос" - таълимот

иборат аст.

Ба ҷуз ҳайвонот ва растаниҳо дар табиат боз организмҳое (ё

мавҷудотҳое) низ ҳастанд, ки ҳарчанд аломат ва хусусиятҳои ба

растаниҳо монанд дошта бошанд ҳам, лекин рангашон сабз нест.

Инҳо занбӯруғҳо мебошанд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи организмҳоро

ташкил медиҳанд. Чунончӣ, баъзе намудҳои занбӯруғҳои

хӯрданибоб, занбӯруғҳои мағорӣ ва ғайраҳо.

Инчунин, гурӯҳи махсусеро бактерияҳо ташкил медиҳанд, ки

ниҳоят андозаи хурд дошта, онҳоро фақат бо туфайли асбобҳои

калоннишондиҳанда, масалан заррабин (микроскоп), метавонед

бубинед, ҳамин тавр, табиати зинда, ки онро фанни биология

меомӯзад, аз 4 олам ё гурӯҳ иборат аст: бактерияҳо, занбӯруғҳо,

растаниҳо ва ҳайвонот.

میں نیا کیا ہے 1.0 تازہ ترین ورژن

Last updated on Aug 10, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

ترجمہ لوڈ ہو رہا ہے...

معلومات ایپ اضافی

تازہ ترین ورژن

Ботаника (синфи 5) اپ ڈیٹ کی درخواست کریں 1.0

اپ لوڈ کردہ

Valour Man

Android درکار ہے

Android 4.0+

مزید دکھائیں
زبانیں
APKPure کو سبسکرائب کریں
ابتدائی ریلیز ، خبروں ، اور بہترین اینڈروئیڈ گیمز اور ایپس کے رہنماؤں تک رسائی حاصل کرنے والے پہلے بنیں۔
نہیں شکریہ
سائن اپ
کامیابی کے ساتھ سبسکرائب!
اب آپ کو اپک پور کی سبسکرائب کیا گیا ہے۔
APKPure کو سبسکرائب کریں
ابتدائی ریلیز ، خبروں ، اور بہترین اینڈروئیڈ گیمز اور ایپس کے رہنماؤں تک رسائی حاصل کرنے والے پہلے بنیں۔
نہیں شکریہ
سائن اپ
کامیابی!
اب آپ ہمارے نیوز لیٹر کی رکنیت لے چکے ہیں۔