ہم آپ کے صارف کے تجربے کو بہتر بنانے کے لیے اس ویب سائٹ پر کوکیز اور دیگر ٹیکنالوجیز کا استعمال کرتے ہیں۔
اس صفحے پر کسی بھی لنک پر کلک کرکے آپ ہماری رازداری کی پالیسی اور کوکیز پالیسی پر متفق ہو رہے ہیں۔
ٹھیک ہے میں متفق ہوں مزید جانیں

Бибии афсонахо اسکرین شاٹس

About Бибии афсонахо

Bibii afsonaho

Мо ба он боварем, миёни ҳаммилатонамон касеро дарёфтан муҳол аст, ки замоне барои эҷоди шеъре, таронае, қиссае ё афсонае қалам ба даст нагирифта бошад ва ё бадоҳатан дар ҳавои рубоиёти халқӣ мувофиқ ба ҳолу аҳволи худ рубоие, дубайтие насароида бошад. Махз ҳамин рӯҳи эҷодкоронаро асос намуда, бузургон таъкид кардаанд: «Агар халқи тоҷикро табиатон шоир гӯем, ҳеҷ хатое нахоҳем кард». Устоди бузург Лоиқ Шералӣ, ки ҳанӯз хам калбҳои пиру барно маскангаҳи ӯст, замоне хеле огоҳонаву нишонрас фармуда буданд:

Кӣ дар айёми ҳаждаҳсолагияш шабе

бе печу тоб ором хуфтаст?

Кӣ дар айёми ҳаждаҳсолагияш барои

духтаре шеьре нагуфтаст?

Меҳмонон, шахсиятхои расмии хориҷӣ, хамчунин сайёҳон- ро он чиз болидахотиру ҳайратӣ мегардонад, ки мо ба хиё- бонҳо, муассисаҳо бузург, шахру ноҳияҳо номҳои шоирону нависандагон ва олимони маъруфамонро додаем, аз қабили шахрҳои Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Сино, Айнй, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонй ва монанди инҳоро. Ва ҳама ин гуна одамон аз таъриху рӯзгори мо жарфтар огоҳӣ ёфта, ба фарҳангпарварии халқамон қоил омада аҳсану офаринҳо ме- хонанд.

Боле, ин анъана аз қадимулайём идома дорад, идома хохад ёфт ва аз шоҳрешаҳои кундаи аҷдодии мост. Вале баъзан чу- нин ҳам мешавад, ки кас дар хилват ба кори эҷодӣ як қисмати калони шабонарӯзашро мебахшаду аммо маҳсули қаламашро,

шояд, аз шарму ҳаё, ба аз худ дар ин ҷода ботаҷрибатаре ни- шон намедихад. Эҳтимол, мо бо ҳамин сабабҳо даҳҳо, балки садҳо эҷодкори хушсалиқаро аз даст дода бошем.

Муаллифи китоби дар даст доштаатон Раҳбароӣ аз овони дар мактаби тахсилоти миёнаи №53-и пойтахт хонданаш ан- дешаҳои хешро дар шакли назму наср барои хурдтаракону ка- лонсолон рӯйи дафтар меорад. Қариб дар ҳар шумораи рӯзно- маи девории умумимактабӣ намунаи шеърҳояш ҷой дода мешуд. Барои маҳфили ҳаваскорони санъат пийесаҳои якпар- дагй хам менавишт. Овони дар техникуми савдои Душанбе таҳсил карданаш низ аз фаъолтарин аъзои маҳфили ҳунарии омӯзишгоҳ буд; худ сурудҳо навишта месароид, пийесаҳо навишта нақш мебозид. Баъди соҳибихтисос шудан, аз та- швиши кору рӯзгор эҷодкорӣ барои мудати кӯтоҳе «фа- ромӯш» шуда бошад ҳам, он дере нагузашта аз худ боз дарак дод. Чанд соли охир бошад, вақгҳои фориғ аз кор ӯсту олиҳаи илҳому қаламу дафтар. Ва оқибат ба хулосае омад, ки ба касо- ни дар ин ҷода фаъолиятдошта маҳсули заҳмати эҷодияшро нишон бидиҳад...

Дар зарфи беш аз 40 сол Рахбарой шеъру қиссаҳои зиёде эҷод кардааст. Мо дар маслиҳат бо муаллиф ба хулосае омадем, ки дар навбати аввал шеъру тарона ва қиссаву афсонаҳои иншонамудаашро дар шакли китобчаи алоҳида пешкаши хонандагони хурдсол гардонем, зеро ташнакомону муштоқони маҷмӯаҳои кӯдакона дар боғчаву дабистонҳои мо хеле бисёранд.

Албатта, навиштаҳои Раҳаброй аз ҷиҳати шеърият бе кам- будӣ нестанд. Вале чизи асосӣ бо самимияти то иншо гар- дидани онҳост. Изхори умедворӣ мекунем, ки аз ин ба баъд шеърият, мазмуну мундариҷа навиштаҳояш бою рангин хоҳанд шуд.

میں نیا کیا ہے 1.0 تازہ ترین ورژن

Last updated on Jul 12, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

ترجمہ لوڈ ہو رہا ہے...

معلومات ایپ اضافی

تازہ ترین ورژن

Бибии афсонахо اپ ڈیٹ کی درخواست کریں 1.0

Android درکار ہے

4.0 and up

مزید دکھائیں
APKPure کو سبسکرائب کریں
ابتدائی ریلیز ، خبروں ، اور بہترین اینڈروئیڈ گیمز اور ایپس کے رہنماؤں تک رسائی حاصل کرنے والے پہلے بنیں۔
نہیں شکریہ
سائن اپ
کامیابی کے ساتھ سبسکرائب!
اب آپ کو اپک پور کی سبسکرائب کیا گیا ہے۔
APKPure کو سبسکرائب کریں
ابتدائی ریلیز ، خبروں ، اور بہترین اینڈروئیڈ گیمز اور ایپس کے رہنماؤں تک رسائی حاصل کرنے والے پہلے بنیں۔
نہیں شکریہ
سائن اپ
کامیابی!
اب آپ ہمارے نیوز لیٹر کی رکنیت لے چکے ہیں۔