We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.

Лайлӣ ва Маҷнун 螢幕截圖

關於Лайлӣ ва Маҷнун

LaylӣWAMaҷnun

Ҳикояти ишқи Қайси Омирӣ - шоири араб ба духтарест ба исми Лаӣлӣ. Ии достон низ монанди «Варқа ва Гулшоҳ» аз адабиёти араб вориди забони форсӣ шуда ва Низомии Ганҷавӣ дар сурудани он чунон ҳунаре аз худ нишон дод, ки пас аз ӯ бисёре ҳунари худро дар тақлид аз Низомӣ ба рӯҳ мекашиданд.

Дар гузаштае аз сарзамини Арабистон қабилае ба исми Омир зиндагӣ мекард ва подшоҳе бар онҳо фармонравоӣ мекард. Ин подшоҳ натанҳо сарвати фаровоне дошт, балки ба меҳмоннавозӣ, бузургиву некӣ ба мардум ҳам машҳур буд. Вале гуссае бузург дошт. Бо вуҷуди издивоҷҳои паёпай соҳиби фарзанд нашуда буд, ки пас аз ӯ бар тахт нишинад ва подшоҳӣ идома дошта бошад. Подшоҳ ба дарвешу фақир мол мебахшид ва ба даргоҳи Худо розу ниёз мекард, то оқибат Худо назари лутф ба ӯ андохт ва ба муродаш расид ва соҳиби писаре шуд.

Подшоҳ аз шоди сар аз по намешинохт ва дари хазонаро боз кард ва ба маймана ти[I] таваллуди фарзандаш фақирҳову дарвешҳоро аз мол бениёз кард. Подшоҳ исми писарро гузошт Қайс. Навзод чеҳраи дурахшандае дошт ва зебоии ӯ забонзади касоне шуд, ки ӯро дида буданд. Басуръат рушд мекард ва вақге ба ҳафтсолагӣ расид, чунон зебо шуда буд, ки мардуми қабила ҳайратзада ва мот мемонданд ва ба даҳсолагй, ки расид, ангуштнамои тамоми қабилаҳо шуда буд.

Падари Қайс ӯро ба мактаб фириетод, то илм биёмӯзад. Қайс дар мактаб бо бачаҳое, ки аз қабилаҳои дигар омада буданд, саргарм шуд ва бо онҳо бозӣ мекард. Духтарҳо ҳам аз қабилаҳои дигар ба он мактаб меомаданд. Яке аз онҳо духтаре буд ба исми Лайлӣ, ки дар зебоиву фиребандагӣ яккаву беҳамто буд. Чашмҳои сиёҳмонанди оҳу ба чеҳрааш ҳолати бемонанде дода буд, ки онро аз модар ба ирс бурда буд ва сурати мисли гулаш зинатбахши мактаб буд.

Қайс то Лайлиро дида, дар ҳамон нигоҳи аввал шефтаву ошиқи ӯ шуд. Аз тарафе духтараки навҷавон ҳам то чашмаш ба Қайси бузургзода афтод, дил ба ӯ дод. Ин боис шуд, ки духтару гшсар ба ҳам наздик шаванд ва тавре бо ҳам унс гирифтанд, ки асло аз ҳам ҷудо намешуданд.

Ҳар руз, ки офтоб тулуъ мекард, Лайлӣ бо чеҳраи дурахшони худ ба мактаб меомад, аммо Қайс тавре ба ӯ дил бохта буд, ки аз шиддати ишқ чеҳраи афрӯхтааш рӯз ба рӯз зарду низор мешуд. Аз тарафе Лайлӣ мехост худро бештар ба Қайс нишоп бидиҳад. Худро меорост, то таннозиву ишвагарии ӯ ба чашми Қайс биёяд ва ӯро шайдо гару ошиқтар кунад.

Қайсу Лайлӣ бо ин ки мӯнису ҳамдами якдигар буданд, тавре рафтор мекарданд, ки розаиюн ошкор нашавад ва дигарон пай набарад ки онҳо ошиқи ҳам шудаанд. Аммо муддате нагузашт ки достони ишқу дилдодагии онҳо ба сари забонхо афтод. Дуруст, мисли бӯйи мушк, ки намсшавад онро пинҳон кард ва худашро ошкоро мекунад. Вақте ки кор ба расвоӣ кашиду розашон бармало шуд, Лайливу Қайс ба зоҳир аз ҳам ҷудо шуданд, аммо то фурсате пайдо мекарданд, пинҳонӣ ба дидани ҳам мерафтанд...

最新版本1.0更新日誌

Last updated on 2018年10月02日

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

翻譯中...

更多應用信息

最新版本

請求 Лайлӣ ва Маҷнун 更新 1.0

上傳者

Hla Win

系統要求

Android 4.0+

更多
語言
訂閱APKPure
第一時間獲取熱門安卓遊戲應用的首發體驗,最新資訊和玩法教程。
不,謝謝
訂閱
訂閱成功!
您已訂閱APKPure。
訂閱APKPure
第一時間獲取熱門安卓遊戲應用的首發體驗,最新資訊和玩法教程。
不,謝謝
訂閱
成功!
您已訂閱我們的郵件通知。