We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.

афсонахои халки точик Zrzuty ekranu

O афсонахои халки точик

afsonahoi kadłuby Tojik

Вуҷуди таърихии адабиёт ба ҳузури нахустин тасаввуроти инсон роҷеъ ба ҳастии фарогири ӯ - устура пайванди муҳкам дорад ва ҳамин ривоёту асотири аввалия минбаъд барои ба миён омадани нахустин намунаҳои насри форсу тоҷик ба сурати афсонаҳо боис омадааст. Ҳарчанд аз мутолиаи осори гузаштагони мо равшан мегардад, ки осори буруномада аз асотиру ривоёт ба унвони насри ривоятӣ муаррифӣ гардида, бахши аъзами онҳо дар мустақилияти хеш ба унвони афсонаҳо низ маъруф шудаанд, аммо намунаҳои барҷастаи афсонаҳои миллии мо ҳамчун осори тарбиятй ба сӯи арзишҳои олии ахлоқи инсонӣ аз даҳон ба даҳон гузашта, ҳамчун сарвати бебаҳои адабиёти пурғановати миллати соҳибтамаддуни мо то имрӯз расидаанд. Воқеан, ҷои таъкид ва тазаккур аст, ки нақши афсонаҳо аз ҳар ҷиҳат барои тарбияи насли наврас, шурӯъ аз аёми кӯдакӣ то ҷавонӣ хеле муҳим ва муассир аст, чун нахустин маърифате, ки кӯдаки хурдсол дар бораи одаму олам пайдо мекунад, маҳз тавассути шунидани ҳамин афсонаҳо аз даҳони бузургсолон ҳосил мешавад. Шояд он нафароне ҳам, ки ба унвони ровиёни қиссаҳои насри ривоятӣ дар ин навъ кутуб зикр мешаванд, пеш аз ҳама, ҳамин афроди солманд ва бомаърифат будаанд, ки дар ҷойҳои махсус барои хурдсолон ин ҳикоёту ривоят ва накду афсонаҳоро бозгӯӣ мекарданд. Ҳамин гуна, нақши афсонаҳо барои та- шаккули шуури маънавии кӯдакон дар ҳамаи давру замон бузург будааст ва имрӯз ҳам ҷомеа новобаста ба бархӯрдҳои фарҳанги техникӣ ва зуҳури ҷаҳонишавӣ ба таъсири файзбахши афсонаҳо дар андешаи кӯдакон бо ҳадафи таъмини маърифати бузурги инсонии онҳо ниёзманд аст. Сиёсати давлат дар бахши маориф, ки ҳоло ба раванди ислоҳи муассисаҳои томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба олами маърифат ва зебой такя мекунад, маҳз бозгӯи ҳамин тафаккур аст, ки ҳоло давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар чӣ бештар ба виҷагиҳои хоси низоми маорифи миллӣ, ки сарчашма дар инсонгароии омӯзишу тарбият доранд, пайванд бахшидани равандҳои босуръати ниёзҳои маорифи ҷаҳонӣ ва татбиқи воҳиди ин ду унсури муҳим-суннатҳои маорифи миллӣ ва таҷаддуди низоми тарбия ва таҳсилот такя мекунад. Дар саргаҳи таҳаққуқи ин амалкард ва ҳадафи муҳими тарбияи ҷомеа, пеш аз ҳама, таваҷҷӯҳ ба парвариши маърифатӣ ва ахлоқии кӯдакон қарор дорад. Аз ин рӯ, нашру таблиғи афсонаҳои халқи тоҷик ҳамчун ёдгории беназири тарбиятгари миллӣ метавонад ба унвони яке аз муҳимтарин воситаҳои таъмини камолоти маънавии кӯдакону бачагон хидматгу- зор бошад ва ҷалби кӯдакон ба мутолиаи афсонаҳо ва истифода аз роҳу усулҳои ҷадиди фарогирии онон бо ин сарвати бебаҳои ақлонияти миллӣ дар ин росто беҳтарин омили таъсиргузор хоҳад буд.

Бо ҳадафи мусоидат дар ин амри муҳими тарбияи маънавии ҷомеа нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, ки бо истифода аз нусхаҳои чопии мавҷуд дар Тоҷикистон нашри ҷадиди китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик»-ро мунташир созад. Тавре маълум аст, бори аввал бо кӯшиши донишманди тоҷик академик Раҷаб Амонов нахустин бор нашри нисбатан мукаммали китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» дар соли 1957 ба дасти чоп расид, ки дар кори таҳия ва таҳрири он аз корҳои дар ин арса анҷомдодаи устодони насри навини тоҷик Садриддин Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳаким Карим ва дигарон истифода шудааст. Минбаъд аксари нашрҳои баъдии китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» бо такя бар ҳамин матни мукаммали афсонаҳо рӯи чопро диданд. Бо гузашти шаш сол аз нашри ин китоб бо эҳтимоми устод академик Раҷаб Амонов муҷаддан китоби мазкур рӯи чопро дид.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бошад бар асоси нусхаи нахустини китоби мазкур соли 2004 нашри нави «Афсонаҳои халқи тоҷик» дастраси хонандагон гардид, ки маҷмӯан аз 120 афсона иборат буд. Ҳарчанд нашри нахустини китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» дар чаҳор бахш афсонаҳоро қисмат намуда буд, аммо ин нашр бо ҳамин шева афсонаҳои фарогири худро дар се қисмат ҷой додааст.

Co nowego w najnowszej wersji 1.0

Last updated on Jul 12, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Tłumaczenie Wczytuję...

Dodatkowe informacje APLIKACJA

Ostatnia Wersja

Dostępne афсонахои халки точик aktualizacje 1.0

Wymaga Androida

4.0 and up

Pokaż więcej
Subskrybuj APKPure
Bądź pierwszym, który uzyskał dostęp do wczesnego wydania, wiadomości i przewodników najlepszych gier i aplikacji na Androida.
Nie, dziękuję
Zapisać się
Subskrybowano pomyślnie!
Jesteś teraz subskrybowany do APKPure.
Subskrybuj APKPure
Bądź pierwszym, który uzyskał dostęp do wczesnego wydania, wiadomości i przewodników najlepszych gier i aplikacji na Androida.
Nie, dziękuję
Zapisać się
Powodzenie!
Jesteś teraz subskrybowany do naszego biuletynu.