사용자 환경을 개선하기 위해 이 웹 사이트의 쿠키 및 기타 기술을 사용합니다.
이 페이지의 링크를 클릭하면 당사의 개인 정보 보호 정책쿠키 정책에 동의하는 것입니다.
동의함 더 알아보기

География (синфи 6) 스크린 샷

География (синфи 6) 정보

Location (Xingfu 6)

Бачаҳои азиз! Шумо аллакай дар синфҳои поёнӣ оид ба

сарватҳои табиӣ, сабабҳои тағйирёбии обу ҳаво, Уқёнуси

ҷаҳонй ва баъзе ҳодисаҳои табиии дигар маълумот гирифтаед.

Акнун шумо, ки хонандаи синфи шашум шудаед, бояд бо

фанҳои нав шинос шавед, ки яке аз онҳо фанни география

мебошад. Чӣ гуна фаннест география?

География илмест, ки сатҳи Заминро меомӯзад. Бо мадади

география метавонем дар бораи сатҳи Замин, кӯҳҳо, дарёҳо,

мамлакатҳо ва қитъаҳо, бунёди иқтисодӣ, таркибу гурӯҳҳои

аҳолии ҷаҳон, дину мазҳаб ва ҳатто ҷисмҳои осмонӣ маълумот

бигирем. Ҳоло дар марҳалаи аввал диққати шуморо ба

кураи Замин ҷалб мекунем.

Замин аз ҷумлаи сайёраҳои низоми шамсӣ аст, ки дар гирди

Офтоб давр мезанад. Вақти гирди Офтобро давр задани

Замин 365 рӯзу 6 соат, ё ки як солро ташкил медиҳад. Як

солро ба чаҳор фасл тақсим мекунанд: баҳор, тобистон, тирамоҳ,

зимистон.

Замин дар гирди меҳвари худ низ ҳар шабонарӯз як маротиба

давр мезанад. Дар натиҷаи ин ҳаракат тулӯъ ва ғуруби

Офтобро мушоҳида мекунем ва шабу рӯз аз он рух медиҳад.

Замин нур ва равшаниро аз Офтоб мегирад. Бинобар ин

самти Замин, ки ба он шуоъи Офтоб мерасад, - рӯз ва тарафи

муқобили он шаб мебошад.

Асосгузори илми география олими Юнони қадим Эратосфен

мебошад (солҳои 276-194-и пеш аз солшумории мо

зиндагӣ кардааст). Эратосфен солҳои зиёд сарварии китобхонаи

Искандарияро ба уҳда дошт, ки дар дунёи қадим

калонтарин китобхона ба ҳисоб мерафт. Эратосфен оид ба

соҳаҳои гуногуни илм дониши қавӣ дошта, аз ин сабаб дар

замони худ бо номи «Олими панҷҳарба» маълум буд. Вай

аввалин шуда фанни мустақил будани географияро асоснок

карда, бо ҳамин сабаб номи фахрии «падари география»-ро

гирифта буд. География калимаи юнонӣ («гео»-замин, «графо»-менависам)

буда, маънояш «тавсифи Замин» мебошад.

Аммо ин маъно ва моҳият ба вазифаи имрӯзаи илми география

мувофиқат намекунад, чунки тавсифу номбар ва ҳикоя

кардани ҳодисаҳо ба воқеаҳои олам асос ёфтааст. Сайёҳон

ва баҳрнавардоне, ки аз сафар бармегаштанд, дар бораи

чизҳои дида ва шунидаи худ ҳикоят мекарданд. Дар ин замина

ва мушоҳидаҳои олимони қадим илми география пайдо

шуд. Онро географияи тасвирӣ мегӯянд, ки ба тасвири

табиат, аҳолӣ ва хоҷагии қисмҳои ҷудогонаи сатҳи Замин

машғул буд.

Географияи муосир бошад на фақат табиат

Ахамияти географияи табиӣ дар фаъолияти хоҷагии инсон.

Табиат барои инсон сарвати бебаҳо мебошад. Пеш аз

ҳама табиат барои инсон муҳити зист аст. Инсон аз ҳаво

нафас мекашад, обу замин ва ҷангалро бо мақсадҳои гуногун

истифода мебарад; меваҳои табииро истеъмол мекунад;

чӯби дарахтони гуногунро ҳамчун масолеҳи бинокорӣ ва

сӯзишворӣ, барои сохтани асбобҳои мусиқӣ, рӯзгор ба кор

мебарад; ҳайвоноти ваҳширо бо мақсади гирифтани гӯшт,

мӯина, пӯст ва ғайра шикор мекунад; аз зери Замин маъдан

ва сӯзишворӣ мегирад; обҳои гарм ва маъданиро барои муолиҷа

ва ҳамчун нӯшокӣ истифода мебарад; аз гармии Офтоб

истифода бурда, дар заминҳои ҳосилхез зироат ва дарахтони

мева парвариш мекунад; қувваи обро барои истеҳсоли

барқ истифода мебарад. Ҳамин тавр, ҳамаи он чизҳоеро, ки

инсон бевосита ва бавосита аз табиат мегирад, сарвати табиӣ

меноманд.

Аммо сарватҳои табиӣ вобаста ба шароити табиӣ дар

сатҳи Замин нобаробар паҳн гардидаанд. Аз ин ҷост, ки географияи

табиии муосир баробари тасвири табиати сатҳи

Замин, инчунин сабабҳои гуногуни шароит ва сарватҳои

табииро дар қисматҳои алоҳидаи Замин шарҳ дода, роҳу

усули истифодаи оқилонаи онҳоро муайян мекунад. Он

роҳҳои нигоҳ доштани ҳосилхезии замин, барқарор кардани

заминҳои шӯрзада, ботлоқ, санглох, ба фарсоиш ва бодлесӣ

дучоршуда, барқарор кардани ҷангалзорҳо, афзун кардани

микдори намудҳои наботот ва ҳайвоноти ба несту нобудшавӣ

дучоршуда, хушконидани ботлоқҳо, обёрӣ кардани

заминҳои биёбону нимбиёбон, сарфа кардани об ва ғайраро

нишон медиҳад. Зимни мушоҳида ва тадқиқотҳои илмӣ натиҷаи

дахолати номатлуби инсонро ба табиат пешгӯӣ мекунад.

최신 버전 1.0의 새로운 기능

Last updated on Sep 2, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

번역 로드 중...

추가 앱 정보

최신 버전

География (синфи 6) 업데이트 요청 1.0

업로드한 사람

Nathipat Yocharee

필요한 Android 버전

Android 4.0+

더 보기
언어
APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공적으로 구독!
당신은 이제 APKPure에 가입되었습니다.
APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공!
당신은 이제 우리의 뉴스 레터를 구독하고 있습니다.