사용자 환경을 개선하기 위해 이 웹 사이트의 쿠키 및 기타 기술을 사용합니다.
이 페이지의 링크를 클릭하면 당사의 개인 정보 보호 정책쿠키 정책에 동의하는 것입니다.
동의함 더 알아보기

Барои чи дуо кабул намешавад? 스크린 샷

Барои чи дуо кабул намешавад? 정보

Sababi Kabul nagashtani duo

Сабабҳои қабул нагардидани дуо

Суол: Барои чи инсон Худовандро дуо мекунад ва дуояш қабул намегардад? дар ҳоле ки Худованд мефармояд: «Манро дуо кунед, дуоятонро иҷобат менамоям»

Ҷавоб: Худованд мефармояд:

«Парвардигоратон гуфт: «Дуову илтиҷо кунед Маро, то шуморо иҷобат кунам. Онҳое, ки аз парастиши Ман саркашӣ мекунанд, ба зуди дар айни хори ба ҷаҳаннам дароянд!» (Ғофир 60)

Ва суолкунанда мегуяд, ки у Худовандро дуо мекунад локин дуояш мустаҷоб намегардад, пас мақсад ин аст ки чаро Худованд дар ин оят ваъда кардааст, ки дуои дуокунандаро иҷобат менамояд, ва Худованд яқинан ба ваъдааш вафо мекунад, локин дуои ин суолкунандаро иҷобат накардааст, пас маънои оят чи бошад?

Ҷавоб ин аст, ки барои онки дуои банда иҷобат гардад чанд шартҳое вуҷуд дорад:

Шарти аввал:

Ихлос намудан дар дуо ба Худованд, яъне ҳаргоҳе ки инсон мехоҳад Худовандро дуо кунад, бояд дар дуояш руй ба суи Худованд биёрад, ва бо дили софу содиқ бидонад ки Худованд қодир аст ки дуои уро иҷобат менамояд, ва танҳо аз Худованд умеди иҷобатро намояд.

Шарти дувум:

Инсони дуогуй бояд ҳангоми дуояш эҳсос намояд ки бениҳоят эҳтиёҷи шадид ва ниёз ба Худованд дорад, ва бидонад ки танҳо Худованд аст ки дуои муҳтоҷонро иҷобат менамояд, ва ҳамаи балоҳоро дур месозад.

Аммо касе ки ҳангоми дуояш эҳсос намояд ки ба Худованд эҳтиёҷ надорад, ва балки дуояш фақат аз руи одат мебошад, пас ин гуна дуо маълум аст ки иҷобат нахоҳад шуд.

Шарти сеюм:

Инсон бояд аз хурдани ҳаром бипарҳезад, чунки хурдани ҳаром пардаест миёни инсон ва иҷобати дуояш, чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: "Худованд пок аст ва ба ҷуз пок чизеро намепазирад, ва Худованд ба ҳарчи ки паёмбаронро амр намудааст муъминонро низ ба ҳамон амр намудааст" ва Худованд мефармояд:

«Эй касоне, имон овардаед, аз он чизҳои покизае, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред ва агар Худоро мепарастед, шукрашро ба ҷой оваред» (Бақара 172)

Ва боз мефармояд:

«Эй паёмбарон, аз чизҳои покизаву хуш бихӯред ва корҳои шоиста кунед, ки Ман ба корҳое, ки мекунед, огоҳам» (Муъминун 51)

Сипас Паёмбар (с) мисоле зад ки "Марде ки сафари дарозмудате дорад, ва сару суяш пур аз ғубори роҳ асту дар у асари машақати роҳ дида мешавад, ва дастонашро ба суи осмон мебардораду мегуяд: эй Парвардигори ман, дар ҳоле ки хурданаш ҳаром аст, пушиданаш аз ҳаром аст, пас чигуна дуои у қабул гардад".

Агарчи дар ин мард чандин сабабҳои иҷобати дуо зоҳир буд, локин дуояш қабул нагардид.

Аввал:

Ин мард ҳангоми дуо даст ба суи осмон боло кард, ва Паёмбар (с) мефармояд: "Даст боло кардан ба суи Худованд аз сабабҳои иҷобати дуо мебошад", чуноне ки дар ҳадис омадааст Паёмбар (с) мефармояд: "Худованд бо ҳаё ва каримаст, шарм медорад аз ин ки бандааш ба суи у даст дароз кунаду дастони уро холи бозгардонад"

Дувум:

Ин мард Худовандро бо яке аз номҳояш дуо кард ва гуфт: эй Парвардигори ман, ва дуо кардани Худованд бо ин номаш аз сабабҳои иҷобати дуо мебошад, ва аксари дуоҳое ки дар Қурон ворид гаштаанд бо ин исми Худованд шуруъ шудаанд, мисли ин оят ки Худованд мефармояд:

Пас тавасул бо ин исми Худованд аз сабабҳои иҷобати дуо мебошад.

(((барои чи дуо кабул намешад, сабабхои кабул нагаштани дуо дуохо, дуо кабул нашуд, дуо кабул намешавад, Барои чи дуо кабул нагардад ва гайра)))

최신 버전 21.032의 새로운 기능

Last updated on Jun 7, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

번역 로드 중...

추가 앱 정보

최신 버전

Барои чи дуо кабул намешавад? 업데이트 요청 21.032

업로드한 사람

ဦးေဇာ္႐ွိင္းသား ငေဖာင္႐ွိးးး

필요한 Android 버전

Android 4.1+

더 보기
언어
APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공적으로 구독!
당신은 이제 APKPure에 가입되었습니다.
APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공!
당신은 이제 우리의 뉴스 레터를 구독하고 있습니다.