APKPure Appを使用する
101 Кисса Умар (р)の旧いバージョンをダウンロードすることが可能
ガーデンヤクқissaらҳaotiウマルイブンHattob(P)
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.
Пас аз ҳамду ситоиши Холиқи ин кавну макон ва дуруду салавоти бепоён бар паёмбараш – ҳазрати Муҳаммади Амин, ки рисолаташро барҳақ адо намуд ва ҷомеаи башариро тавассути Қуръони пурҳикмат ва ахлоқи волояш пурнур ва комилан дигаргун сохт.
Ҳазрати Муҳаммад (с) бо такя ба Қуръон ва суннаташ сарсупурдагони зиёдеро дар атрофаш ҷамъ намуд ва дар партави ин ду шахсонеро тарбия кард, ки ҳар яки онҳо родмардони роҳи илоҳӣ, ҳакимони фарзона ва диловарони майдони мубориза буда, дар таърихи башар беназиранд. Онҳо шогирдони мактаби Муҳаммадӣ буда, дар партави Китоби Илоҳӣ парвариш ёфтаанд.
Яке аз он родмардон Умар ибни Хаттоб, бо лақаби ифтихории Форуқ буд, ки воқеан дар айёми зиндагияш ба густариши дини ислом дар атрофу акнофи олам саҳми бузург гузошт. Аҷдодони мо дар он айём аз динҳои мунҳарифа ва ботила рўй гардонида бо пазириши дини поки илоҳӣ – ислом мушарраф гардиданд, ки ин лоиқи ситоиш аст. Аз ин хотир, мо тоҷикон, чун номи мубораки Умар разияллоҳу анҳуро шунавем дар пеши рўи мо симои шахсе намудор мегардад, ки ў сабаби мушарраф шудани аҷдодони мо ба дини Ислом гардидааст. Ислом аз ин миллат 22 ҳазор шоиру нависанда ва мутафаккири соҳибдевон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешкаш намуд, ки мояи фахри якояки мост.
Пас, ҳар як фарди мусулмони тоҷикро зарур аст, ки ин шахсияти бузургро, ки аҷдоди моро ба чунин шукўҳу шаҳомат мушарраф сохтааст, шиносем ва дўст дорем. Хонандаи гиромӣ, бо инояту лутфи Худованди Маннон китоби «Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (р)» низ тарҷума ва ба дасти шефтагони асҳоби Расули акрам (с) расид. Воқеан анҷоми ин амали пуршараф барои банда як қарз буд.
Last updated on 2018年09月18日
выпуск
101 Кисса Умар (р)
1.1 by AZM DEV
2018年09月18日