APKPure Appを使用する
101 кисса аз хаёти Мухаммад (с)の旧いバージョンをダウンロードすることが可能
Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (с)
https://ok.ru/group/53630571643013
https://vk.com/kitobhona
Ҳамду ситоиши бепоён Парвардигори оламиёнро ва дуруду салом бар равони поки Расули Худо (с), ки ҳидоятгару роҳнамои башарият ва наҷотдиҳандаи инсоният аз торикиҳои ҷаҳолат ва нодонӣ ба сӯи нури ҳидоят ва рушноӣ ва инчунин дуруду саломҳои фаровон бар хонадони поку нуронӣ ва асҳобу ёрони бовафояш, ки пайравӣ аз роҳу равиши ӯ намуда, парчами даъватро дар роҳи ризои Худо баланд бардоштанд. Инчунин дуруд ва раҳмати худовандӣ шомили ҳоли касоне бод, ки пайравӣ аз суннати он Ҳазрат (с) мекунанд ва мардумро барои пайвастан ва тамассук ба он роҳнамоӣ менамоянд.
Аммо баъд:
- Миллатҳо ва мардуми дунё дар ҳар давру замон барои худ шахсиятҳо ва муқаддасоте доранд, ки чун рамзҳо ва нишонаҳои хотиравӣ азизашон медоранд ва барояшон эҳтиром қоиланд. Мо мусалмонҳо низ барои худамон ҳамин гуна муқаддасот ва арзишҳо дорем ва он ҳам бошад эҳтирому пайравӣ аз дастуроти дин ва Қуръону Паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мебошад, ки ӯро Худованд бароямон пешво ва роҳбар гардонидааст, зеро ӯ маъсум аст, яъне гуноҳонаш омурзида шудаанд.Шайх Аттори Нишопурӣ мефармояд:
Баҳри хеш он покҷонро офарид,
Баҳри ӯ халқи ҷаҳонро офарид.
Офаринишро ҷуз ӯ мақсуд нест,
Покдомантар аз ӯ мавҷуд нест.
Худоро шукру сипос мегӯям, ки маро муваффақ ба гирдоварии ин маҷмӯъаи бебаҳо, ки он ҳам бошад «Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (с)» мебошад, гардонид.
Дар ин китоби хоксорона қиссаҳои пурҳикмат ва боарзиши ӯ (с)-ро бо зикри санадҳои дақиқ гирдоварӣ намудаам, то мақому манзалати он Ҳазрат (с) дар партави оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ, барои шумо хонандаи азиз маълум гардад. Чуноне ки шоъир мефармояд:
Хоҷаи дунёву дин, ганҷи вафо,
Садру бадри ҳар ду олам – Мустафо.
Офтоби шаръу гардуни яқин,
Нури олам, раҳматан лил оламин.
Меҳтарину беҳтарини анбиё,
Раҳнамои асфиёву авлиё.
Маҳдии Ислому ҳодии субул,
Муфтии ғайбу имоми ҷузву кул.
Маҳв шуд шаръи ҳама дар шаръи ту,
Асли ҷумла кам бувад дар фаръи ту.
То абад шаръи туву аҳкоми туст,
Ҳамбари номи илоҳӣ номи туст.
Ҳар кӣ буд аз анбиёву аз русул,
Ҷумла бо дини ту оянд аз субул.
Дар китобҳои таърих дар мавриди чигунагии ҳолати ҷаҳон, қабл аз зуҳури он Ҳазрат (с) чунин овардаанд:
- Ҷаҳони куҳан дар интизори дурахши ин нур буд ва аз ҳазорҳо сол пеш паҳлӯҳои шабу рӯзро ҷо ба ҷо мекард. Ситорагони замону саёраҳои афлок дар иштиёқи он рӯз аз азал даварон дошта ва чашм ба роҳи расидани он муъаллими башарият буданд. Қудратнамоиҳои абру бод, партавафканиҳои анфоси поки олами қудс, тавҳиди Иброҳим (а), ҷамоли Юсуф (а), муъҷизаи мирозии Мусо (а), ҷоннавозии Масеҳ (а) ҳама ва ҳама барои ин дар истимрор буданд, ки ин колоҳои гаронбаҳо ба дарбори подшоҳи ду ҷаҳон ба кор ояд.
Аксарияти таърихнигорон дар баёни он шабе, ки нури ҳақ дурахшид менависанд:
- Дар он шаб чаҳордаҳ бурҷ аз айвони Кисро бар замин фурӯ рехт.
- Оташкадаи Форс, ки ҳазорсолаҳо фурӯзон буд, якбора хомӯш гашт.
Аммо ҳақиқат ин аст, ки на факат айвони Кисро, балки қасрҳои сар ба фалак кашида ва боазамати аҷам, шаъну шавкати Рум, авҷ ва тамаддуни Чин ҳамагӣ аз байн рафт. На фақат оташкадаи Форс, балки ҷаҳаннами шар, оташкадаи куфр, залолат ва гумроҳӣ сард ва хомӯш гашт. Аз бутхонаҳо гарду ғубори хок бархост, бутҳо ҳама бар хок яксон шуданд. Шерозаи маҷусият аз ҳам гусаст, баргҳои хазондидаи насроният якояк фурӯ рехт. Шуриши тавҳид ба по хост, дар чаманзори саъодат баҳор омад. Шуълаҳои офтоби ҳидоят ба ҳар сӯ партавафшонӣ намуд, яъне он ҳабиби ду ҷаҳон, фармонравои олам, сарвари паёмбарон Муҳаммад (с) аз олами қудс ба олами имкон ташриффармои иззат ва ҷалол шуданд.
Дар мавриди таърихи рӯзи валодати он Ҳазрат (с) Имом Муслим аз Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули гиромиро дар бораи рузаи рӯзи душанбе пурсиданд, он Ҳазрат (с) гуфт: Он рӯзест, ки ман дар он рӯз таваллуд шудаам ва он рӯзест, ки дар он ваҳй нозил шудааст.
Last updated on 2018年10月11日
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
101 кисса аз хаёти Мухаммад (с)
31.03146789 by Китобхои Исломи
2018年10月11日