We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.

Девон ахтарони адаб(Б.Ҳилолӣ) スクリーンショット

このДевон ахтарони адаб(Б.Ҳилолӣ)について

デボンAkhtaronのADAB(B.Ҳilolӣ)

Гӯянд, ки адабиёт аз ишқ маншаъ гирифта, сипас та- моми паҳлуҳои зиндагии одамиро бар худ фаро хондааст, ки ҳақ асту рост. Ҳамин ишқ аст, ки гунгро гӯё, карро шу- наво, нобиноро бино, нодонро доно намуда, бад-ин васи- ла роҳравони ин роҳро бо ҳама бурду бохтҳояшон ба шоҳроҳи зиндагии ҳамешагӣ ва бардавом равона месо- зад. Яъне, чун ишқ аст, зиндагӣ намемирад ва нахоҳад мурд. Ҳамин аст, ки чун ба адабиёти дарозумри ҷаҳон му- таваҷҷеҳ мешавем ва осори гаронмояи аҳли адабро ва- рақгардон менамоем, пеш аз ҳама ба мавзӯи ишқ рӯ ба рӯ меоем. Ва пеш аз ҳама ишқи Ошиқу Маъшуқа. Дуруст аст, ки одамӣ ба офаридаҳои Худо ба Кайҳон ва ҳамаи ашёи ҷаҳон ошиқона менигарад. Вале ишқи Ошиқу Маъшуқа дар баробари ишқи Илоҳӣ дар осори адабии аҳли қалам ҷойгоҳ ва мақоми вижа дорад. Инро мо дар адабиёти беш аз ҳазору чандинсолаи форс-тоҷик хеле хуб ба мушоҳида гирифтаем. Осори бозмондаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, офаридаҳои сеҳрангези Абулқосими Фир- давсӣ, Носири Хусрав, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Ҳаким Ни- зомии Ганҷавӣ, Фаридуддини Аттор, Амир Хусрав, Мавло- но Ҷалолуддини Балхӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷомӣ... дар баробари фаро гирифтани мавзӯъҳои гуногунпаҳлуи иҷтимоии замонҳо моломол аз мавзӯи ишқанд, ишқи поки инсонӣ, ишқи бо ҳама шодию ғамҳояш созанда.

Яке аз чунин суханвароне, ки ишқро бо тамоми шӯру шааф тараннум намуда, дар гуфтани ашъори ошиқона дар адабиёти мо шуҳратёр гардидааст, шоири ғазалса- рой ва маснавигӯйи мумтози нимаи дувуми асри XV ва нимаи аввали асри ХМ1-и форс-тоҷик Бадриддин Ҳилолии

Астарободӣ мебошад. Доир ба рӯзгори суханвар маълу- моти андаке мондааст. Мувофиқи радду бадали ан- дешаҳои ҳилолишиносони пешин мавсуф тақрибан соли 875 ҳиҷрй (баробар ба соли 1470 мелодӣ) дар Астаробо- ди Хуросон зода шуда, маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳ фаро мегирад ва барои такмили дониш, тақрибан соли 897 ҳиҷрӣ (баробар ба соли 1491 ҳиҷрӣ) рӯ ба Ҳирот ме- ниҳад ва ба омӯзиши риштаҳои гуногуни илм машғул ме- гардад. Хушбахтона, Ҳилолӣ замоне ба Ҳирот меояд, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) ва Амир Али- шери Навоӣ-Фонӣ (1441-1501) дар қайди ҳаёт буданду ба илму адаб ва фарҳанги кишвар сарварӣ мекарданд. Аз таърихи ба Ҳирот омадани ӯ метавон хулоса намуд, ки ҷавони ташнаи илм тавонистааст суҳбати Мавлоно Ҷомӣ ва Амир Алишерро дарёбад, аз эшон фотиҳаи неки ояндаи худро гирад. Дар «Маҷолису-н-нафоис»-и Али- шери Навоӣ омадааст, ки «... ҳофизааш хуб аст ва табъаш низ баробари ҳофизаи ӯст. Хаёли сабақ дорад. Умед аст, ки тавфиқ ёбад ва ин матлаъ аз ӯст:

最新バージョン 1.0 の更新情報

Last updated on 2018年05月21日

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

翻訳中...

アプリの追加情報

最終のバージョン

Девон ахтарони адаб(Б.Ҳилолӣ) 更新を申請する 1.0

Android 要件

4.0 and up

もっと見る
APKPureをを購読する
最高のAndroidゲームアプリの最新リリースやニュースやガイドなどの情報にいち早くアクセスすることができます。
いいえ結構です
購読
購読完了!
APKPureの購読が完了しました。
APKPureをを購読する
最高のAndroidゲームアプリの最新リリースやニュースやガイドなどの情報にいち早くアクセスすることができます。
いいえ結構です
購読
成功!
ニュースレターを購読しました。