We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.

40 хадиси Издивоч Tangkapan layar

Tentang 40 хадиси Издивоч

Chiҳil ҳadisi Izdivoҷ

https://vk.com/kitobhona

https://ok.ru/group/53630571643013

Ҳар духтару писаре, ки по ба даврони ҷавонӣ мегузорад, бузургтарин орзуяш издивоҷ ва ба вуҷуд овардани конуни гарму пурмеҳри хонаводааст, то ёру ҳамдаму маҳрами роз пайдо кунад ва аз неъмати зиндагии муштарак баҳраманд гардад.

Писарону духтарони ҷавон саодати худро дар сояи зиндагии муштарак ҷустуҷӯ мекунанд. Ин гуна майлу хостан ба таври табиӣ ва фитрӣ дар инсонҳо вуҷуд дорад ва наметавон аз он рӯй гардонд. Бале, бузургтарин паноҳгоҳ барои ҷавонон, конуни гарми хонаводагӣ аст, ки метавонанд ҳаяҷонҳои дарунии худро ба оромиш табдил кунанд ва ғаму ғуссаҳои худро аз ёд баранд.

Издивоҷ ва хонадорӣ, бояд дар ҷомеа барои ҳама кас осон бошад, зеро ин кор як зарурати ҳаётӣ аст, монанди обу нон, ки дар ҳар ҷомеа аз ҳар чизи дигар заруритар ва муҳимтар аст. Вале бо таассуфи бисёр мебинем, ки имрӯзҳо рӯз ба рӯз ташрифоту худнамоӣ барои исроф кардан дар байни мардум зиёд шуда ва ба мусобиқа табдил шудааст. Вале диққат дода намешавад, ки таҳаммули оқибати ин кор барои умуми мардум душвориҳо ба вуҷуд меоварад ва ҳатто баъзеҳо ба хотири нотавонии худ ё ба бемориҳои асабӣ гирифтор мешаванд ё даст ба корҳои ношоиста мезананд ва ё ғайра, ки натиҷаи ҳамаи инҳо обрӯ ва маданияти ҷомеа ва мардумро аз байн мебарад!

Модарон бо орзуҳои аз ҳад зиёд ва номаъқули худ сабаби табоҳ шудани зиндагии духтарону писароне мешаванд, ки ҳанӯз дар синни навҷавонӣ дар аввали роҳ қадам ба ҳаёти мустақил гузоштаанд.

Китобе, ки дар пеши рӯй доред, чиҳил ҳадиси нурониву роҳкушо аз Паёмбари бузурги Ислом (с) ва имомону пешвоёни дин аст. Вазифаи худ донистем, онро таҳти унвони чиҳил ҳадиси «издивоҷ» ба ҳамаи ҷавононе, ки дар аввали роҳи зиндагӣ ҳастанд, тақдим кунем.

Хонандагони гиромӣ! Дар ин китоб аҳамияту одоб ва асарҳои издивоҷро аз назари Ислом дар гуфтори Расули Акрам (с) ва пешвоёни дин мушоҳида мекунед. Равшан аст, ки ҳеч сухане болотар аз гуфтори ин бузургон нест ва мо ҳар роҳи дигареро бинем монанди роҳи онон равшану роҳкушо намебошад. Ва мардуми мусулмон ҳам ба ин ҳақиқат огоҳ ҳастанд ва гуфтору кирдори дигаронро аз суханону рафторҳои ин раҳбарон муқаддам намедоранд ва ба он дил намебанданд. Ва зиндагии Расули Худоро дар зиндагии худ намуна қарор медиҳанд.

Худованди мутаол мегӯяд:

وَ أَنْكِحُوا الأَيَمَي مِنْكُمْ وَالصَّلِحِيْنَ مِنْ عِبَادِكُمْ وَ إِمَائِكُمْ إِنْ يَكُونُوا فُقَرَاءَ يُغْنِهِمُ اللهُ مِنْ فَضْلِهِ وَاللهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ

«Мардону занони беҳамсари худро ва ҳамчунин ғуломону канизони солеҳ ва дурусткорро ҳамсар диҳед. Агар онон фақиру тангдаст бошанд, Худованд ононро аз фазли худ бениёз мекунад. Раҳмати Худованд васеъ аст ва ба аҳволи бандагони худ огоҳ аст».

«Сураи Нур ояти 32»

Фазилати хонадоршавӣ

Таъсири издивоҷ

(2) Издивоҷ дар ҳангоми тангдастӣ

(3) Издивоҷ раҳмат аст

(4) Офатҳои беҳамсарӣ

Боби дуюм

Вазифаи тавонгарон

(5) Кӯшиш дар хонадоршавӣ

(6) Дар сояи арш

(7) Дар пешгоҳи Ҳақ

(8) Беҳтарин восита шудан

Дидор пеш аз хонадоршавӣ

(9) Хонадорӣ бо диндорон

(10) Дидор пеш аз васлат

(11) Дидори арӯсу домод пеш аз издивоҷ

12 Пурсуҷӯ кардан

Арӯсу домоди шоиста

(13) Хостгори диндор ва хушахлоқ

(14) Домоди ҳам шаън

(15) Арӯси шоиста

Боби панҷум

Интихоби сарнавиштсоз

(16) Диққат дар интихоб

(17) Васлат накардан бо хонаводаи ношоист

(18) Издивоҷ бо дӯшизагон

(19) Ризояти домод

Одоби хостгорӣ

(20) Осон гирифтани хостгорӣ

(21) Одоби хостгорӣ

(22) Хостгори шаробхор

Боби ҳафтум

Одоби маросими издивоҷ

(23) Маросими издивоҷ дар шаб

(24) Базми издивоҷ

(25)

(26)

Маҳрия ва ҷаҳизия

(27) Беҳтарин занон

(28) Баракати зан

(29) Маҳрия чист?

(30) Зиёд будани маҳрия

(31) Ҷаҳизияи[36] беминнат

(32) Надодани маҳр

Боби нӯҳум

Аз хонаи падар то хонаи шавҳар

(33) Хонаи дӯстдоштанӣ

(34) Бедорӣ дар шаби арӯсӣ

(35) Зуфоф ва меҳмонӣ

(36) Гусел кардани арӯс

(37) Дуои шаби зуфоф

(38) Ҳафтаи арӯсӣ

Боби даҳум

Зану шавҳари хушбахт

(39) Об додани зан ба шавҳар

(40) Муҳаббат ба зан

Apa yang baru dalam versi terbaru 21.02

Last updated on Apr 19, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Terjemahan Memuat...

Informasi APL tambahan

Versi Terbaru

Permintaan 40 хадиси Издивоч Update 21.02

Diunggah oleh

ابو تيسير شراب

Perlu Android versi

Android 4.1+

Tampilkan Selengkapnya
Bahasa
Berlangganan APKPure
Jadilah yang pertama mendapatkan akses ke rilis awal, berita, dan panduan dari game dan aplikasi Android terbaik.
Tidak, terima kasih
Mendaftar
Berlangganan dengan sukses!
Anda sekarang berlangganan APKPure.
Berlangganan APKPure
Jadilah yang pertama mendapatkan akses ke rilis awal, berita, dan panduan dari game dan aplikasi Android terbaik.
Tidak, terima kasih
Mendaftar
Kesuksesan!
Anda sekarang berlangganan buletin kami.