We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.
Ахволи Дузах ва дузахиён дар Қуръони карим 图标

234.5 by Китобхои Исломи


2018年04月09日

Ахволи Дузах ва дузахиён дар Қуръони карим 屏幕截图

关于Ахволи Дузах ва дузахиён дар Қуръони карим

AҳvoliDӯzahWAdӯzahion礼物Қuroni卡里姆

https://vk.com/kitobhona

https://ok.ru/group/53630571643013

Аҳволи Дӯзах ва дӯзахиён дар Қуръони карим

(Идома аз мақолаи гузашта)

Бояд зикр намуд, ки дар ду бахши мақолаи қаблӣ, “Васфи ҷаннати ҷовидон дар Қуръони карим ” бахшҳои зиёде мисли васфи биҳишт, зинати биҳиштиён, ҳамнашинӣ бо онҳо, занони аҳли ҷаннат, ҳурони биҳишт, беҳтарин ҳадяи ҷаннатиён, дидани ҷамоли Парвардигор ва амсоли ин барин бахшҳо пешкаши шумо азизон намудам ҳоло бошад дар ин мақола мавзӯи дигар,ки он аҳволи аҳли нор, Худо моро аз он солим нигоҳ дорад“Аҳволи Дӯзах ва дузахиён дар Қуръони карим” мепардозам зеро барои ҳар мусалмон донистан ва хонданӣ ин мавзӯъ муҳиму фаҳмидани онҳо ҳатмӣ аст. Аз ин хотир муқаддимаро тулонӣ наменамоям, мепардозам ба асли мавзуъи матраҳ гардида умед аст писанди шумо азизон қарор бигирад.

1) Либоси дӯзахиён

Дар ин маврид Худованд мефармояд:

«Гунаҳкоронро дар он рӯз бо занҷирҳо, дасту по ба гардан баста бубинӣ. Ҷомаҳошон аз қатирон аст ва оташ суратҳошонро фурӯ пӯшидааст».

(Сураи Иброҳим, оёти 49-50)

Қатирон миси дар дараҷаи баландтарини ҳарорат доғшударо мегӯянд.

2)Намунаҳое аз азоби Дӯзах

А)Азобҳои гуногуни дӯзахиён

Худованд дар ин маврид дар ин оятҳо мефармояд:

﴿ٱلنَّارُ يُعۡرَضُونَ عَلَيۡهَا غُدُوّٗا وَعَشِيّٗاۚ وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ أَدۡخِلُوٓاْ ءَالَ فِرۡعَوۡنَ أَشَدَّ ٱلۡعَذَابِ ٤٦﴾ [غافر: ٤٦]

«Ҳар субҳу шом онҳо бар оташ арза шаванд ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад (фариштагонро нидо дода шавад, ки) хонадони Фиръавнро ба сахттарин азобҳо дароваред!»

(Сураи Ғофир, ояти 46)

﴿ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ زِدۡنَٰهُمۡ عَذَابٗا فَوۡقَ ٱلۡعَذَابِ بِمَا كَانُواْ يُفۡسِدُونَ ٨٨﴾ [النحل: ٨٨]

«Онон, ки кофир шуданд ва дигаронро аз роҳи Худо боздоштанд, ба сабаби фасоде, ки мекарданд азобе бар азобашон хоҳем афзуд».

(Сураи Наҳл, ояти 88)

Паёмбари Худо (с) камтарин азоби Дӯзахро зикр намуда, фармуданд:

«Камтарини азоби Дӯзах ҳамон аст, ки дар зери қадами мард порчае (лахчае) аз оташ гузошта мешавад, ки мағзи сараш бар асари он ҷӯш мезанад».

Б) Ҳашри дӯзахиён бар рӯйҳояшон ва фарогирии оташ онҳоро

Ва дигар хорию залилӣ, ки Худо бар дӯзахиён додааст, он аст, ки рӯзи қиёмат онҳо бар рӯйҳояшон бо чашмони нобино ва гӯшҳои ношунаво ва забони баста ҳашр хоҳанд шуд. Худованд дар ин маврид дар чанд ҷои Қуръони карим мефармояд:

﴿وَمَن يَهۡدِ ٱللَّهُ فَهُوَ ٱلۡمُهۡتَدِۖ وَمَن يُضۡلِلۡ فَلَن تَجِدَ لَهُمۡ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِهِۦۖ وَنَحۡشُرُهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ عَلَىٰ وُجُوهِهِمۡ عُمۡيٗا وَبُكۡمٗا وَصُمّٗاۖ مَّأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُۖ كُلَّمَا خَبَتۡ زِدۡنَٰهُمۡ سَعِيرٗا ٩٧﴾ [الاسراء: ٩٧]

«Ва ҳар киро Худо ҳидоят кунад, ҳидоятшуда аст. Ва касонеро гумроҳ созад, ҷуз Худои барҳақ барои онҳо сарпарасте наёбӣ ва дар рӯзи Қиёмат, дар ҳоле ки чеҳраҳояшон рӯ ба замин аст, кӯру гунг ва кару зинда ва ҷамъашон мекунем ва ҷаҳаннам ҷойгоҳи онҳост, ҳар вақте шуълаи он фурӯ нишинад, бештар меафрӯземаш».

(Сураи Исро, ояти 97)

«Ва ононро, ки корҳои бад кардаанд (чун ширк ва маъсият) сарнагун дар оташ андохта шаванд, оё ҷуз мувофиқи корҳое, ки кардаед, ҷазо меёбед?»

(Сураи Намл, ояти 90)

Пас аз он, бо оташ рухсори ононро доғ намуда, ҳамеша ононро фаро хоҳад гирифт ва ҳеҷ пардае нахоҳанд ёфт, то ононро каме ҳам бошад аз оташ нигоҳ дорад.

﴿تَلۡفَحُ وُجُوهَهُمُ ٱلنَّارُ وَهُمۡ فِيهَا كَٰلِحُونَ ١٠٤﴾ [المؤمنون : ١٠٤]

«Оташ чеҳраҳояшонро месӯзонад ва дар Дӯзах туршрӯянд».

(Сураи Муъминун, ояти 104)

В) Бар чеҳраҳояшон дар оташ кашидани кофирон.

Ва яке аз анвои азоби дардноки кофирон ин бар рӯйҳояшон дар оташ кашидани онҳост. Чунончи Худованд мефармояд:

﴿إِنَّ ٱلۡمُجۡرِمِينَ فِي ضَلَٰلٖ وَسُعُرٖ ٤٧ يَوۡمَ يُسۡحَبُونَ فِي ٱلنَّارِ عَلَىٰ وُجُوهِهِمۡ ذُوقُواْ مَسَّ سَقَرَ ٤٨﴾ [القمر: ٤٧، ٤٨]

«Ҳароина, гунаҳкорон дар гумроҳиву ҷунунанд. Рӯзе, ки онҳоро ба чеҳраҳояшон дар ҷаҳаннам кашанд, ки бичашед азоби сақарро (Дӯзахро)».

(Сураи Қамар, оёти 47-48)

最新版本234.5更新日志

Last updated on 2018年04月09日

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

翻译中...

更多应用信息

最新版本

请求 Ахволи Дузах ва дузахиён дар Қуръони карим 更新 234.5

上传者

Mastafa Fu Lakrad

系统要求

Android 4.0+

更多
语言
订阅APKPure
第一时间获取热门安卓游戏应用的首发体验,最新资讯和玩法教程。
不,谢谢
订阅
订阅成功!
您已订阅APKPure。
订阅APKPure
第一时间获取热门安卓游戏应用的首发体验,最新资讯和玩法教程。
不,谢谢
订阅
成功!
您已订阅我们的邮件通知。